Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

ШУКӮҲИ ДАВИ МИЛЛӢ ДАР РАШТ

Субҳи 19 май маъракаи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади оммавияти варзиш ва солимгардонии аҳолӣ дар доираи нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар се минтақа: шаҳраки Ғарм ва ҷамоатҳои шаҳраки Навободу деҳоти Ҳоит бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи мазкур беш аз шаш ҳазор кормандони касбу кори гуногун ширкат варзида, бори аввал аст, ки ба истиснои шаҳраки Ғарм дар ду минтақаи дигари ноҳия бо чунин шаҳомот занони деҳоти дурдаст фаъолона ширкат меварзанд.

Дар ҳайати гурӯҳе, ки дар шаҳраки Ғарм гузаронида шуд, калонсолон дар масофаи 3 километр ва бонувон дар масофаи 1 километр дар дави миллӣ иштирок намуда, раиси ноҳия Зарина Идизода онро ифтитоҳ бахшид ва номаи шодбошии худро ба ин муносибат ироа кард.

Дар фароварди чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорномаю туҳфаҳои раиси ноҳия тақдим карда шуд.