Дар арафаи Иди Модар имрӯз, дар ноҳияи Рашт, Идизода Зарина Фузайлшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия ба аёдати бонувони беморхонаи бемориҳои равонӣ дар минтақаи Рашт, муассисаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт ва собиқадорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия рафта, модаронро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Зимни дидорбинӣ таъкид карда шуд, ки модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Ҳамчунин, дар хусуси таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори назар карданд.
Имрӯз, модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд ва дар пешрафти Меҳан саҳми босазо мегузоранд.
Ҳамзамон, модарони рӯзгор дида ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба занону модарон арзи миннатдорӣ намуданд. Бояд гуфт, ки Идизода Зарина Фузайлшо, дар асоси супоришҳои Роҳбари давлат дастгирии занонро дар мадди аввал гузошта, баҳри кумаку ғамхории онҳо ҳамеша чораандешӣ менамояд.