Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН

1.МЕЪЁРҲОИ ГУНОГУНИ ТАСНИФИ ҲУҚУҚҲОИ ИНСОН. Ҳар як одам аз лаҳзаи таваллуд то лаҳзаи марг дорои маҷмуи васеи ҳуқуқу озодиҳои ба ҳам алоқаманду вобастаи якдигар мебошад. Бинобар ин ногузир хоҳиши дар системаи ягона нишон додани ҳамаи ин ҳуқуқу озодиҳои гуногун ва тақсим кардани онҳо аз рӯи аломатҳои (меъёрҳои) хосашон, яъне таснифи онҳо пайдо мешавад.

Тасниф системаи ба андозаи баробар тобеъсозии мафҳумҳост, ки дар асоси ба назар гирифтани аломатҳои умумӣ ва алоқамандиҳои қонунии байни онҳо мураттаб гардидааст.

Чунин аломатҳои (меъёрҳои) умумӣ инҳо шуда метавонанд: соҳаҳои фаъолияти ҳаётии инсон, замони пайдошавии ҳуқуқу озодиҳо, ашхосе, ки ба онҳо мансубанд, имконияти маҳдудсозии онҳо, таҳкимбахшӣ дар санадҳои меъёрӣ ва ғайра. Ҳамаи инҳоро мо дар параграфи мазкур баррасӣ менамоем. Бо баъзе навъҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон Шумо аллакай шиносед.

Дар машғулиятҳои гузашта мо аллакай кӯшиши муайян намудани фарқияти байнимафҳумҳоиҳуқуқҳо” ваозодиҳо“-ро кардем. Бахотир оред, ки онҳо чигунаанд? Фикр кунед, ҳуқуқу озодиҳои табиӣ ва позитивӣ бо кадом аломатҳои умумӣ тавсиф мешаванд?

Аммо ба таври аниқу дақиқ ба гурӯҳҳо (намудҳо) ҷудо кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон на ҳамеша имконпазир аст ва ҳама гуна таснифот шартист, зеро ҳар як ҳуқуқ метавонад дар шаклҳои гуногун амалӣ шавад. Масалан, ҳуқуқи ҳар як одам ба таҳсил ҳам чун талаботи инкишофи ҳар як шахсият (соҳиб шудан ба донишҳо ва малакаҳои нав), ҳамчун фаъолияти давлат бобати фароҳам овардан шароитҳо баҳри таълими шаҳрвандон (сохтмони мактабҳо, нашри китобҳои дарсӣ, тайёр кардани муаллимон) ва ҳатто чун навъи эҷодиёти инсон (иштирок дар машғулиятҳои мактаби мусиқӣ ва ғайра) амалӣ мешавад. Пас ҳуқуқ ба таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи шахсии ҳар як одам, ҳамчун ҳуқуқи иҷтимоӣ, ки давлат кафолат медиҳад ва ҳамчун ҳуқуқи фарҳангӣ баррасӣ кардан мумкин аст.

Ҳангоми таснифи ҳуқуқу озодиҳо ба гурӯҳҳо ва намудҳо ҳамчунин бояд дар хотир дошт, ки ҳуқуқу озодиҳоро ба асосию дуюмдараҷа тақсим кардан нашояд. Ягон ҳуқуқ бояд боло бардошта ва бар зарари ҳуқуқи дигар тафсир бахшида нашавад, ҳар як ҳуқуқ барои мукаммал будани зиндагии инсон зарур аст ва бо ҳуқуқи дигар набояд иваз карда шавад.