Мафҳуми ҳуқуқи инсон дар давраи инқилобҳои буржуазӣ пайдо гардида, хусусияти табиӣ ва дахлнопазир дорад. Ҳоло ҳуқуқҳои инсон ба хуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ, тақсим мешавад. Ҳуқуқи инсон дар санадҳои зерини байналмилалӣ баён гардидааст: (русӣ: Декларация прав человека и гражданина, Эъломияи ҳуқуқи башар (с. 1948); Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ, соли 1966; Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисоди, иҷтимоӣ ва маданӣ, соли 1966; Конститутсияи ҶТ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ.
Зарурати хуқуқҳои инсонро инкор кардан мумкин нест. Инсон худро дар ҳамон маврид комилан дар ҷамьият озод ҳис карда метавонад, ки соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳои кафолатнок бошад. Зарурати чунин ҳуқуқхо ба монанди ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, таьмини иҷтимоӣ дар вақти пиронсолӣ ва чунин озодиҳо ба монанди озодии ҳуқуқи моликият, виҷдон, сухан, матбуот ва ғайра ба ҳама маьлум аст. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон табиӣ мусодир нашаванда аст.
Бе амали гардондани ин ҳуқуқҳои асосии инсон ҳеч гунна озодӣ, инсондустӣ, адолат ва беҳбудии ҳолати инсон шуда наметавонад. Ҳар як инсоне, ки ба дунё меояд, дорои чунин хуқуқ ва озодиҳо буда ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд. Ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз нажод, ранги пӯст, миллат, чинс, забон, баромади иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, молумулкӣ, мансаб, ақида муносибат ба дин иштирок кардан ё накардан дар иттиҳоди ҷамъиятӣ ҷои истиқомат ва ҳолатҳои дигар дорои ҳуқуқ ва озодиҳои баробар мебошанд. Дорои хуқуқ ва озодиҳои гуногун будани шаҳрвандон маънои онро надорад, ки ҳар як шахс чи тавре ки хоҳад, ҳамон тавр рафтор намояд. Баръакс баамал барории ҳуқуқ ва озодиҳои кониститутсионии ҳар як шахс набояд ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро вайрон намояд, ба ҷамъият ва атрофиён зарар расонад. Зар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки кониститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистонро риоя намояд, андоз ва ғункуниҳоро супорад, табиатро эҳтиёт ва ёдгориҳои таърихиро ҳифз намояд.