Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Ҳар тасмиме, ки аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати музокиракунандаи кишварамон дар мавриди ҳалли қазияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гирифта мешавад, бояд аз ҷониби мо истиқбол ва пазируфта шавад. Албатта, онҳо манфиатҳои миллӣ ва давлатии мо- тоҷиконро сарфи назар нахоҳанд кард. Ихтилоф дар ин маврид, ба суди душманони хориҷӣ ва дохилии тоҷикон хоҳад буд.

Мо, ҷонибдори сулҳу субот ва амният дар кишвари худ, минтақа ва ҷаҳонем.

Вале шиори мо дар роҳи ҳифзи кишвари азизамон ин байти Фирдавсии бузургвор аст:

Ҳама сарбасар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!