Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дави милли баргузор мегардад. Ин икдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш, таҳкими дустию бародари миёни наврасону ҷавонон ва оммавияти варзиш байни аҳоли дар асоси Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи Дави милли» дар саросари кишварамон ҳар сол доир мегардад.
Аз ҷумла, дар Рӯзи дави милли дар ноҳияи Рашт кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодону донишҷуёни Донишкадаи омӯзгори, кормандони ташкилоту идораҳо, инчунин варзишгарон иштироки фаъолона доштанд. Дар байни дигар намудҳои оммавии варзиш дави милли шухрати бештар дошта, шумораи иштирокчиёнаш дар қиёс ба дигар намудҳои варзиш хеле ҳам зиёд мебошад. Ин аст, ки дар пойгаи оммавии ноҳияи Рашт одамони касбу кори гуногун ба масофаҳои муайяншуда давида, сазовори ҷойхои намоён шуданд.
Дар ин чорабини масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қайд намуданд, ки варзиш ин солимии чомеа ба шумор рафта, дар ноҳияи Рашт бо мақсади рушди соҳа танҳо давоми соли гузашта дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зиёда аз 18 майдончаҳои варзиши ва дигар иншооти соҳави сохта ба истифода дода шудааст, то ҷавонони лаёкатманд маҳорату малакаи варзишии худро боз ҳам сайқал дода, дар чорабиниҳои сатҳи нохияви ва минтақави фаъолона ширкат намоянд.
Дар интиҳои мусобиқаи Рӯзи дави милли ғолибон аз руи масофаҳои пешбинишуда муайян гардида, ба онҳо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва бахши ҷавонон ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотирави супорида шуд.