Маориф Хабарҳо

Сафарбар намудани мактаббачагон ба лагери истироҳатии ташкилоти ғайридавлатии “Международное добрососедсто” воқеъ дар мавзеи дараи Камароби ноҳяи Рашт

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 марти соли 2021, №89 “Дар бораи ташкили истироҳати тобтстонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2021” қарори раиси ноҳияи Рашт аз 17 апрели соли 2021, №255 ва нақшаи чорабиниҳои он ба тавсиб расонида шудааст.

15 майи соли 2021 раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,– Муқими Раҳимҷон Набизода, лагерро кушода аз шароити буду боши он дидан намуда ба корҳои анҷомдодаи ин мавзеъ баҳои баланд доданд.

Дар рузи кушодашавии лагер раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,– Муқими Р. Н.- ро муовини авали раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина, мудири шуъбаи маориф Мирзоев Ҳикматулло, директори лагер Ҳусейнзода Давлат ва директорони муассисаҳои таълимӣ  ҳамроҳи карданд.

Баъд аз шинос шудан аз ҷои будубоши мактабвчагон раиси ноҳияи Рашт иштирокчиёнро табрик намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки фарогирии наврасон ба лагери истироҳати 50 нафари дар 4 марҳила сурат мегирад.

Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуда табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.