Омӯзгорони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки «Муҳимтарин вазифаи мактаб ва ҷомеа дар шароити нави таърихӣ аз он иборат аст, ки шогирдонро дар муҳити хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин дарки равшани арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоянд. Ин вазифа бояд тамоми низоми таълиму тарбияро фаро гирад». Зеро:
Бе маърифат одамӣ чӣ кор ояд? Ҳеҷ,
Мақсуд зи одамӣ ҳамин маърифат аст.
Аз ин рӯ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.
Хурсандибахш аст, ки қадру манзалати омӯзгор дар меҳвари эътибори Пешвои муаззами миллат қарор дошта, сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои шахсии омӯзгор вобастагӣ дорад.
Омӯзгори асил асолату рисолати худро танҳо дар омӯзишу пажуҳиши дониши васеи худ нигоҳ дошта метавонад. Омӯзгор бояд донад, ки ба чӣ офаридаи бузурге сару кор дорад. Хусусан, дар ибтидои таълим ба наврасон, ки онҳо дар ин айём олами рангину нафис ва нозуке доранд, таваҷҷуҳи хоса дода шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Мо заҳмати омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ѓамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.
Лекин пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки шумо низ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш намоед. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро баланд бардошта наметавонем.
Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масоил чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки ба ҷомеаи пешрафтаи башар наздик шавем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем.
Ҳамасола ба хотири таҳлил ва баррасии фаъолияти солонаи соҳаи маориф, бурду бохт, натиҷагирӣ аз дастовардҳо ва вазифаҳо барои соли нави хониш машварати августии омӯзгорон доир карда мешавад. Вохӯрии имрӯзаи мову шумо низ ба ҳамин хотир аст.
Бо назардошти ин ҳамагон бояд андешаҳои худро барои пешрафти соҳаи маориф ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт иброз намоянд. Ба наздикӣ сари ин мавзуъ ман бо директорони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ доштам ва андешаҳои худро баён дошта будам.
Аз маърӯзаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия бармеояд, ки дар соҳаи маориф мушкилотҳои ҷиддӣ гӯё чандон вуҷуд надорад. Дар соли таҳсили гузашта аз 187 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷи омӯзгории ноҳия 70 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир нашуданд. Барои ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор аз тарафи шуъбаи маориф чӣ гуна чораҳо андешида шудааст, ҳарфе оварда нашудааст.
Бояд гуфт, ки дар соҳаи маориф ду мушкилоти асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот. Дар соли таҳсили гузашта норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ 41 нафар ва аз рӯи ихтисос 220 нафарро ташкил медод.
Ростӣ ман ҳамчун раиси ноҳия аз фаъолияти қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ қаноатманд нестам. Худ қазоват кунед, ки дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ сатҳи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 50-60 фоизро ташкил дода, дар ноҳияи Рашт ин нишондод дар соли хониши 2018-2019 ҳамагӣ ба 28-30 фоиз мерасад. Дар ҳоле, ки шароити корӣ қариб дар ҳама гушаву канори ҷумҳурӣ якранг аст.
Ин ҳам бошад ба василаи омӯзгорони асиле даст медиҳад, ки дар синну соли нафақа ҳастанду бо дониши баланду маҳорати касбӣ вазифаи худро содиқона ба ҷо оварда истодаанд. Дар ин ҷода омӯзгорони ҷавонро мебояд пайваста аз таҷрибаи онҳо баҳра бурда, савияи дониши худро такмил диҳанд.
Вобаста ба ин мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 9-10 апрели соли равон гурӯҳи таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро дар ҷамоатҳои деҳоти Тагоба ва Оби Меҳнат мавриди санҷиш қарор дод.
Таҳлили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар ҷамоатҳои зикргардида нишон дод, ки сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи замони муосир чандон ҷавобгу нест. Аз 223 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 деҳаи Зарифӣ ҳамагӣ 35 нафар бо баҳои аъло таҳсил намуда истодааст, ки 15 фоизро ташкил медиҳад. Муассисаи таълимии №66 деҳаи Дуобаро соли равон 16 нафар хатм намуданд, ки аз ин 8 нафарашон духтарон буда, ягон нафар барои идомаи таҳсил ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат насупоридаанд. Аз шумораи умумии 259 нафар хонанда 29 нафар бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, ки 12,6 фоизро ташкил медиҳад. Муассисаи таълимии №10 деҳаи Тагоба аз калонтарин муассисаҳо дар ҳудуди ҷамоати деҳот ба ҳисоб рафта, дар он 326 нафар хонанда, аз ҷумла 151 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Ба Маркази миллии тестӣ аз шумораи 13 нафар хатмкунандагони синфи 11-ум 8 нафарашон ҳуҷҷат супоридаанд.
Аз ҷумлаи 7 нафар духтарони хатмкардаи муассисаи таълимии №43 деҳаи Порвоѓ ягон нафарашон барои дохил шудан ба муассисаҳои олии кишвар иқдом накардаанд.
Дар маҷмуъ сатҳи сифати дониш, ҳолати коргузорӣ, ба роҳ мондани дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои мазкур ба талабот ҷавобгу набуда, шуъбаи маорифро зарур аст, ки бо расондани ёрии методӣ таъмини иҷроиши барномаҳои таълимӣ, ҳуҷҷатдорӣ, таъмини омӯзгорони соҳибтахассус ва баланд бардоштани сатҳи таълим дар муассисаҳои мазкур чораҳои фаврӣ андешад.
Вазъи муассисаҳои таълимӣ дар ҷамоати Оби Меҳнат низ бештар нигаронкунанда мебошад. Аз ҷумлаи 9 нафар духтарони хатмкунандаи синфи 11 муассисаи таълимии №63 деҳаи Шоле ягон нафар ба мактабҳои олии кишвар интихоби дохил шуданро накардаанд. Чунин вазъият дар муассисаҳои таълимии №57 ва 80 деҳаи Мулло Бадал ва Ваҳдат низ ба чашм мерасад.
Таҳлили фаъолият дар муассисаҳои болозикр нишон доданд, ки серталабӣ аз ҷониби омӯзгорон дар раванди таълим ҷонок набуда, омили сатҳи пасти дониши хонандагон гаштааст. Аз эродҳои дар боло овардаамон тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия бояд хулосаи даркорӣ бароварда, барои дар сатҳи лозимӣ ба роҳ мондани таълиму тарбия тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Зеро, сол то сол аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри пешрафт ва мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияи наву муосир, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
Танҳо дар давоми соли равон дар назди 5 муассисаи таълимӣ биноҳои нави иловагии таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, дар назди 4 муассиса сохтмони чунин биноҳо идома доранд.
Мавриди қайд аст, ки омодагии муассисаҳои таълимӣ барои соли хониши 2020-2021 идома дошта, қабл аз ҳама биноҳои таълимӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда бошанд ҳам мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ба ин масъала чандон таваҷҷуҳ зоҳир накардаанд.
Аз ин рӯ бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба ҳар як муассисаи таълимӣ барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта шахсони масъул вобаст карда шуда, аз фаъолияти онҳо назорати доимӣ бурда, аз натиҷаи корашон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ахбор манзур менамоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва то андозаи 15 фоиз аз 1 сентябри соли равон зиёд намудани маоши амалкунанда кормандони соҳаи маорифро водор месозад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон дучанд заҳмат кашанд.
Мақсад аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки камбудиҳои соҳаро бартараф созем. Ҳар он дастовардеро, ки соҳиб гаштаем онро аз мо касе намегирад. Ҳар як амалу кори мову шуморо натиҷаҳои Маркази миллии тестии имсола муайян менамояд ва дар вохӯриҳои ояндаамон аз он ҳарф мезанем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи шумоён омӯзгорони муҳтарамро ба соли нави хониши 2020-2021 табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, хонаи ободу рӯзгори осуда ва дар таълиму тарбияи насли наврас барору комёбӣ хоҳонам.