Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

КУШОДАШАВИИ ЯК ҚАТОР ИНШООТҲОИ МУҲИМ ДАР НОҲИЯИ РАШТ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Дар партави сиёсати бунёдкоронаву созандаи давлату Ҳукумат ва ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар ноҳияи Рашт маросими тантанавии ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ бо иштироки Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.

Дар доираи ин чорабинии муҳими идона, дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх толори замонавии варзишӣ, ва дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм маркази савдо, сехи қаннодӣ ва нуқтаи хизматрасонии барқгирии воситаҳои нақлиёт ба истифода дода шуданд. Ҳамзамон, клиникаи муосири тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

 Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти замонавӣ нишонаи равшани пешрафту ободонӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба беҳбудии сатҳи зиндагии сокинон мебошад. Ин иқдомҳо ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ заминаи устувор мегузоранд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки амалисозии чунин тадбирҳои созанда дар доираи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба рушди минбаъдаи ноҳияи Рашт такони ҷиддӣ мебахшад.

 Иншооти навбунёд бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ имкониятҳои васеъ фароҳам месозанд.