Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ

 Дар доираи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум идомаи тантанаҳои наврӯзӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.  
Дар чорабинии мазкур муовини якуми раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Шарифзода Ҳамдулло иштирок намуда, сокинонро ба муносибати фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни аҷдодии Наврӯз самимона табрик гуфтанд. Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгон рамзи эҳё, покизагӣ, ваҳдату дӯстӣ ва оғози зиндагии нав ба шумор меравад.  
Барномаи идона бо роҳпаймоии бошукӯҳи сокинон, намоиши либосҳои миллӣ, дастовардҳои хоҷагии халқ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии наврӯзӣ оғоз гардида, ба он шукӯҳу шаҳомати хос бахшид. Ҳамзамон, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва гурӯҳҳои ҳаваскор пешкаши ҳозирин гардонида шуд.  
Дар рафти чорабинӣ анъанаҳои қадимаи миллӣ, аз қабили суманакпазӣ, гулгардонӣ ва бозиҳои миллию варзишӣ намоиш дода шуда, фазои идонаро боз ҳам рангорангтар намуданд.  
Тантанаҳои наврӯзӣ дар Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ баргузор гардида, хотири иштирокчиёнро болида сохтанд.