Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ПАЙКАРИИ НАВРӮЗӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОБИ МЕҲНАТ – ҚАДАМЕ БА СӮИ ТАҲКИМИ ВАҲДАТ ВА ШОДИИ МИЛЛӢ

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат пайкарии наврӯзӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои дурдаст баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҳкими рӯҳияи ваҳдату ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик роҳандозӣ гардида, дар он сокинон бо рӯҳияи баланд ва шукргузорӣ аз сулҳу субот ширкат варзиданд.
Пайкарии наврӯзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат амалӣ гардида, бо дастгириҳои ҳамешагии раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор шуд. Зимни он барномаҳои рангини фарҳангӣ, суруду мусиқӣ, рақсу ҳунарнамоии аҳли фарҳанг ва намоиши анъанаҳои мардумӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат бо ибрози миннатдорӣ аз чунин иқдомҳои созанда, баргузории чунин чорабиниҳоро нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба рушди деҳот ва беҳбудии зиндагии мардум арзёбӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳамаи гӯшаву канори ноҳияи Рашт бо шукуҳу шаҳомати хосса идома дошта, ба таҳкими дӯстиву бародарӣ ва болоравии рӯҳияи миллӣ мусоидат менамояд.