Бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт роҳпаймоии идона ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардиданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.
Дар роҳпаймоии идона Ҷамоати шаҳраки Навобод, Ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат, Тагоба фаъолон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону хонандагон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ иштирок намуда, бо шиору парчамҳо ва либосҳои миллӣ фазои идонаро боз ҳам рангоранг гардониданд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ пешниҳоди тамошобинон гардида, суруду рақсу намоишҳои ҷолиб табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Таҷлили чунин чорабиниҳои идона нишонаи арҷгузорӣ ба анъанаҳои ниёгон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ буда, дар руҳияи худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон нақши муҳим мегузорад.


