Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛИТСЕИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ РАШТ

Санаи 30 марти соли 2026, дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар Литсеи касбии техникии ноҳия чорабинии фарҳангӣмаърифатӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Абдулозода Юнус, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва омӯзгорон, хонандагон ва фаъолони муассиса баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, зикр доштанд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдилӣ ва сарсабзии зиндагӣ дар таърихи миллати тоҷик мақоми хоса дорад.
Дар идомаи чорабинӣ хонандагон бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, аз ҷумла қироати шеърҳо, суруду таронаҳо, саҳначаҳои ҷолиб ва рақсу бозиҳои миллӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Ҳамзамон, гӯшаҳои намоиши таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардида, маҳорати хонандагон дар омода намудани анъанаҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона, шукӯҳу шаҳомат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ миёни ҷавонон мусоидат намуд.