Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги шаҳрдорӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳудуди ноҳияи Рашт ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо роҳандозӣ шуда, дар он кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва сокинони ноҳия иштироки фаъолона намуданд.
Дар рафти ҳашар корҳои гуногуни ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, гулшинонӣ ва сафед намудани пояи дарахтон ба анҷом расонида шуданд.
Ин иқдоми созанда ба беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон ва рушди фарҳанги ободкорӣ мусоидат намуда, саҳми арзанда дар зебову хуррамгардонии ноҳияи Рашт мегузорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт чунин ташаббусҳоро минбаъд низ идома дода, ҷиҳати фароҳам овардани муҳити тозаву озода ва сарсабз талош менамояд.