Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан — модар ва қадрдонии хизматҳои шоистаи онҳо дар ҷомеа, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи Модар аксияи идона баргузор гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Генерал–полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо иштироки Генерал-майёри милитсия Фатозода А. , як қатор модарон ва бонувон аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои идона ва кӯмакҳои моддӣ тақдим гардиданд.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки занону модарон ҳамчун неруи созанда ва тарбиятгари насли оянда дар рушди ҷомеа, таҳкими пояҳои оила ва пойдории арзишҳои миллӣ нақши ниҳоят муҳим доранд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва қадршиносии модарон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Модарон ва бонувони аёдатшуда барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхорӣ нисбат ба занону модарон миннатдории самимии худро баён карданд.


