Бо ифтихор метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор рафта, Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёд ва таъсиси ҷузъу томҳои низомӣ, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизотҳои замонавӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои адои хизмат тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, ки «Вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем, зеро мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд…»
Мо хуб медонем, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бо нангу номуси Ватан, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медорад ва хотири ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони кишвар ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Ман имрӯз дилпурона изҳор менамоям, ки афсарону сорбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли таърихи 33-солаи худ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд. Зеро, артиши 33 сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори мунназаму муосир ва муқтадиру боэътимод табдил ёфтааст.
Имрӯз ҳифзи марзу буми кишвар – Тоҷикистони соҳибистиқлоламон, пеш аз ҳама ба зиммаи ҷавонмардони шуҷоъ – сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳамон гузошта шудааст. Ҷавонон дар баробари хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши миллӣ, ҳамзамон аз мактаби садоқату ватандорӣ мегузаранд. Агар яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи босамари сиёсати ҷавонон бошад, пас яке аз бахшҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тарбияи ватанпарастии ин қишри ҷомеа ба шумор меравад.
Воқеан, тарбияи насли ватандӯст вазифаи муҳими падару модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа ба ҳисоб меравад. Муҳиммияти ин масъаларо ба инобат гирифта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамкориҳои судмандро ба тамоми зерсохторҳои худ, сохторҳои қудратӣ, ҷанговарони башардӯст ва дигар афроди некбини ҷомеа таҳким бахшида, дар ин замина корҳои назаррасро амалӣ намуда истодааст.
Аксари ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дарк намудаанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ қарзи фарзандии онҳост. Аз ҳама муҳим он аст, ки худи насли ҷавон моҳияти арзишҳои олӣ – ватандӯстиву ҳимояи Ватан-Модарро дарк намудаанд. Ҳадафи асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати ҷавонон низ маҳз аз ҳамин иборат аст.
Баргузории корҳои тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии хизматчиёни ҳарбию ғайринизомӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сурат мегирад. Инчунин, бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва паҳншавии мафкураи носолим дар байни ҳайати шахсӣ тибқи нақшаи кории бахши ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф ва бахши дин маҷмӯи чорабиниҳо ҳамвора дар байни афсарону сарбозон роҳандозӣ мегардад.
Чунин маҳфилу чорабиниҳои судманд ҳамеша дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ низ дар қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия баргузор карда мешаванд.
Зеро вазифаи аз ҳама муҳим ҳимояи марзу буми давлат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду ҳатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ асосан ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.
Вобаста ба ин, бояд қайд намуд, ки соҳибватан будан, тақдири миллат, забону фарҳанг ва Артиши миллиро дар даст доштан бахти баландест, ки бо ҷаҳду талошҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон насиб гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия дар баробари иҷрои қарзи муқаддаси худ дар назди Ватан-Модар бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкории зич дошта, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ иштирокчии фаъол дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишии ноҳия мебошанд. Онҳо низ дар арафаи ҳар ҷашну маросими миллӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастгирии ҳамаҷониба меёбанд.
Дар фароварди сухан ҳамаи афсарону сарбозони диловар ва дар симои онҳо тамоми мардуми ноҳияи Раштро ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хонаи обод ва дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли кишварамон барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

