Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР РАШТ

  Имрӯз дар маркази шаҳраки Ғарм бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона, бо иштироки раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия баргузор гардид.
  Дар ҷараёни барнома намоиши сафороӣ  ва  машқҳои ҳарбӣ  пешниҳоди ҳозирин гардид. Сарбозон бо маҳорату омодагии баланди ҷисмонӣ ҳунарнамоӣ намуда, садоқати худро ба Ватан ва савганди ҳарбӣ бори дигар собит сохтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ғолибони озмуни  «Таронаи сарбози Ватан» туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд. Чорабинии идона бо руҳияи баланди ифтихори миллӣ ва садоқат ба Ватан анҷом пазируфт.