Раисони ҷамоатҳо Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

 ИДОМАИ ВОХӮРИҲО

Санаи 12 январ дар Ҷамоати деҳоти Қалъанак вохӯрии навбатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.   Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия муҳтавои Паёмро ҳамчун санади муҳими сиёсиву барномавӣ арзёбӣ намуда, самтҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту субот, саноатикунонии босуръат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолиро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар сатҳи маҳаллӣ омили асосии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои босифат ва саривақтии онҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.