Санаи 30 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи чорум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ №5 Идизода Зарина Фузайлшо раисӣ намуд.
Ба рӯзномаи иҷлосияи чорум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
1. Ҳисоботи раиси ноҳияи Рашт “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои тарақиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026” (Ахбороти раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ №5, Идизода З.Ф).
2. Дар бораи иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025” ва тасдиқи лоиҳаи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2026-2030”. (Ахбороти муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Шул № 4, Шарифзода Ҳ.Ҳ).
3. Дар бораи тасдиқи иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Рашт дар соли 2024 ва лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2026.( Ахбороти сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Асозода Алишер).
4. Дар бораи ворид намудани тағирот дар қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Рашт барои соли 2025. (Ахбороти сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Асозода Алишер).
5. Дар бораи ворид намудани тағироту иловаҳо дар нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳияи Рашт барои соли 2025. (Ахбороти сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Асозода Алишер).
6. Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Рашт.(Ахбороти сардори Нозироти андози ноҳия Рашт Маҳмадиев Оятулло).
7. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои соли 2026. (Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт Мирзоев Ҳ.Х).
8. Дар бораи “Низомнома ва ҳайати комиссияҳои доимӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Рашт. (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қулло №26, Ҷононзода М. Ю).
9. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Навдонак №11, Маҳмадов Дилшод.
10. Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳо қабул гардидаанд. (Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт Мирзоев Ҳ. Х )



