Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эммоалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони солҳои соҳибистиқлолии кишвар яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсие ба ҳисоб меравад, ки ҳадафҳо ва самтҳои муҳими давлатдории моро дар роҳи рушду пешрафт таҳлилу арзёбӣ намуда, нақшаҳои минбаъдаро коркард ва дар заминаи он дурнамои рушди давлатдориро муайян менамояд.
Воқеан, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи кишвар, ки санаи 16 декабри соли 2025, дар бинои Парлумон баргузор гардид, паёми ташаббусҳои муҳимми сатҳи миллӣ, минтақавӣ, фароминтақавӣ ва ҷаҳонӣ, тараққиёти босуръати самтҳои мухталифи хољагии мардум ва гувоҳномаи муваффақияти беназири мамлакат дар 10 соли охир бахусус соли 2025, ва ҳадафҳои созандаву бунёдкориӣ барои солҳои минбаъдаи тарақиёти кишвар равона гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо ифтихор аз рӯйдоди муҳимми таърихӣ барои мардуми мо — ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии давоми беш аз сад соли охир ҳалношуда байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ ва аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидани шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ёдовар шуданд.
Дар ҳақиқат, ин иқдом чӣ барои мардуми тоҷик ва чӣ барои мардуми қирғиз, ки дар сарҳад зиндагӣ мекунанд, ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад, зеро солиёни дароз бинобар сабаби муайян нагардидани нуқтаҳои асосии сарҳадот мардум азият мекашид
Асосгузори сулху вањдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф ибрози андеша намуда, аз иқдоми Тоҷикистон барои бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ёдовар шуданд.
Дар ҳақиқат баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд маърифати ҳуқуқӣ шарти зарурии чунин давлат ба ҳисоб меравад.
Бо ифтихору сарфарозӣ метавон таъкид намуд, ки соли равон низ иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат боиси боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардиданд. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барои амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», қабули қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим низ намунаи равшани ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон мебошанд.
Мавриди тазаккур аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт ва дорад. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Тоҷикистон тавонист ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, дарк ва азхуд намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва дастрасӣ ба иттилоот мусоидат намояд.
Боиси ифтихору сарафрозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун мешиносад ва эътироф менамояд. Миллати мо давоми таърих арзишҳои бузурги маънавие эҷоду корбаст намудааст, ки туфайли он мо имрӯз ҳувияти хешро устувор нигоҳ доштем.
Маҳз бо тадбиқи андешаву роҳнамоиҳои Сарвари маҳбубамон ва риояи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба саодати зиндагии осоишта, сатҳи баланди иҷтимоӣ ва эътирофи ҷаҳониён мушарарф хоҳем шуд.
Манзура Файзуллозода-мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Рашт.

