Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ пайҳам қомат меафрозанд.
22 декабри соли ҷорӣ дар маркази шаҳраки Ғарми ноҳия бинои маркази тиҷоратии “Истиқлол” ба истифода дода шуда, фаъолияташро оғоз кард.
Дар ифтитоҳи маркази мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлиииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи ин соҳибкорони муваффақро аз роҳи татбиқи дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

