Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАМОШОИ ЯКҶОЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Имрӯз дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рашт тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳамзамон, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, муовинони раиси ноҳия, кормандони масъули дастгоҳи раиси ноҳия, ва роҳбарони идораву сохторҳои маркази ноҳия ҷамъ омада, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таваҷҷуҳ тамошо намуданд.