Нимаи дуюми рӯзӣ 9 декабри соли равон дар долони Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ҷамъбасти даври минтақавии Озмуни ” Хушдомани беҳтарин” баргузор карда шуд. Ғолибони даври минтақавии Озмун аз ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо қадрдонӣ гардиданд. Барномаи консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия табъи ҳозиринро болида гардонид.
Сабтҳои охирин
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.07.2020 19:28, шаҳри Душанбе 30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд. […]
НАВРӮЗИ-БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ҶАШНИ МИЛЛИЮ ФАРҲАНГИИ МОСТ.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки Ҳукумати кишвар ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ тавваҷуҳи хосса диҳадва барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни наврӯз миёни ардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми калидӣ дорад.Ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои […]
12 октябри соли 2019 таҷлили иди Меҳргон дар ноҳияи Рашт
Иди Меҳргон ҳамчун рамзи тирамоҳи зарринрў, айёми ҷамъоварии ҳосил ҳамасола дар саросари кишварамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Шукўҳу шаҳомати таҷлили имсолаи ин иди қадимаи тоҷикон то дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш мебандад. Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм иди аҷдодии точикон яъне иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд. Дар таҷлили ин ҷашни миллӣ Соҳибҷон […]


