Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИҚДОМЕ, КИ ҚОБИЛИ ДАСТГИРИСТ

Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо корҳои ободонию созандагӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вусъати тоза касб карда, пайи ҳам биноҳои хуштарҳи замонавӣ қомат афрохта истодаанд.

  Қобили зикр аст,  ки дар деҳаи Шулонак Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт    майдончаи варзиши  мавриди баҳрабардорӣ       қарор додрад .