Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИҶЛОСИЯИ СЕЮМ (ДАЪВАТИ ҲАФТУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РАШТ.

Санаи 8 октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи сеюм (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ 5 Идизода Зарина Фузайлшо раисӣ намуд.
Ба рӯзномаи иҷлосияи сеюми (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 марти соли 2022, 90 “Дар бораи Барномаи азхудунии заминҳои нави обёришаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳоит 36, Идибегзода С.И)
Рафти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳрии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт, Хушмаҳмадзода Ф.С).
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ялдамич, 32. Сайдаҳмадзода Абдулхайр.
Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Мирзоев Ҳ).