Санаи 12 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо иштироки аъзоёни комиссиҳои даъватии ҳарбӣ ва кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Пешгирии коррупсия зимни даъват ба хизмати ҳарбӣ” баргузор гардид.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур пешгири намудани омилҳои коррупсионӣ ва дар муҳлат иҷро намудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зеро ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси Конститутсионии ҳар як шаҳрванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар охир таъкид гардид, ки рӯз то рӯз теъдоди хоҳишмандон барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидан бештар гардидааст, ки ин гувоҳии баланд гардидани муҳаббату ҳисси ватанпарастии насли ҷавон мебошад.