Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

   ТАНТАНАҲОИ  ИДОНА

Санаи 8 сентябри соли дар маркази шаҳрак Ғарм ба ифтихори  34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар чорабини, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷддин, Раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  кормандону ташкилотҳои ноҳия, муассисаҳои таълимиву тандурусти,  донишҷуён  ва дигар ташкилоту корхонаҳо  ширкати фаъолона доштанд.
Ҳамзамон  дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳо ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли  давлати  ҳамоиши ботантана баргузор гардид,  аз намоиши мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳия дидан намуда, ба ҳунар ва истеъдоди онҳо баҳои баланд доданд.
Қисмати сиёсии чорабини бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида сипас раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо  зимни баромадаш тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни 34 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон зимни баромади худ қайд намуд, ки  бо дастгири ва ғамхориҳои   Президенти    Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар   як муддати кутоҳ оқибатҳои    заминларза бартараф гардида, аҳолии зарардида соҳиби манзилҳои     нави истиқомати   шуданд.
Дар охири чорабини як қатор кормандони