20 августи соли 2025 дар доираи дастурҳо ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода Ҳамро дар доираи сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт аз рафти корҳои сохтмонӣ барои оилаҳои дар офати табиӣ – заминҷунбӣ зарардида бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо боздид намуданд.
Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар сохтмонҳои маҳалаи навбунёди ҳудуди деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод.