Дар ноҳияи Рашт ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 219-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар 88 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ин нуктаро зикр кард Идизода Зарина Фузайлшо, раиси ноҳияи Рашт, зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони расонаҳои кишвар.
Ба гуфтаи мавсуф вобаста ба амалишавии Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021-2025 боз 256 иншооти дигар бунёд хоҳад ёфт. Танҳо дар соҳаҳои маориф 39 бинои муассисаи таълимӣ, тандурустӣ 15 бинои беморхонаву маркази саломатӣ ва варзиш 34 толору майдонҳои варзишӣ сохта мешаванд.
Заминларзаи шадиде, ки 11-уми апрел дар ин минтақа ба вуқуъ пайваст, хисороти зиёд ба бор овард. Дар 11 деҳаи деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалон 150 хонаи истиқоматӣ осеб дидааст. Аз ҷумла, 34 хона пурра ва 116 хона қисман вайрон шуда, ба 134 хонаи истиқоматию 59 бинои ёрирасон зарари сабук расидааст.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ 34 хонаи истиқоматие, ки пурра вайрон шудаанд, биноҳои истиқоматии нав бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ сохта мешаванд.
Ба 116 хонаи истиқоматии қисман вайроншуда маводи сохтмонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат пурра дастрас шуда, аз ҷониби соҳибхонаҳо ва аҳолии ноҳия тариқи ҳашар биноҳои нав қад меафрозанд. Ба 193 оилае, ки зарари сабук дидааст, 2 маротиба маблағ ва маводи хӯрока аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонда шуд.
Вобаста ба ин, бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагон дар маҷмуъ, 150 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароитҳо сохта мешавад.
КИРОМИДДИН ХОЛЗОДА: “ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ КИШОВАРЗӢ 56,5 МИЛЛИОН СОМОНИРО ДАР ЛАХШ ТАШКИЛ ДОД”
Дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Лахш 56,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин дар қиёси ҳамин давраи соли гузашта 821 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Холзода Киромиддин Камолиддин, раиси ноҳияи Лахш, зимини суҳбат бо хабарнигорон изҳор доршт, ки Лахш ноҳияи аграрист. Аз ин рӯ, ба масъалаи кишоварзӣ аҳамияти ҳамешагӣ зоҳир мегардад.
Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 35222 чорвои калони шохдор, 628 қутос, 154830 моли майда, 73838 паранда, 2259 асп ва 6412 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Дар шаш моҳи соли равон 49065 барраю бузғола, 5879 гӯсола ва 148 тойча гирифта шуда, ба миқдори 996 тонна гӯшт, 1775 тонна шир ва 683 ҳазор тухм истеҳсол гардидаст.
Кишоварзони ноҳия дар майдони 5507 гектар картошка, 893 гектар ғалладона ва лубиёгӣ, 3 гектар зироатҳои техникӣ, 99 гектар сабзавот ва 1558 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронида, дар майдони 5 гектар боғи нави бунёд карданд.
ҚАДИРИДДИН ФАҚЕРЗОДА: “ЗАРАРДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА СОҲИБИ ХОНАҲОИ НАВ МЕШАВАНД”
Дар ноҳияи Тоҷикобод барои оилаҳо, ки бар асари заминларзаи 13 апрел рухдода зарар дидаанд, дар маҷмуъ 197 хонаи истиқоматии замонавӣ бунёд гардидааст.
Тавре Фақерзода Қадриддин Аббос, раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимини нишасти хабарӣ иттилоъ дод, таъмиру бунёди хонаҳои истиқоматию дигар иншоот, ки бар асари офати табиӣ зарар дидаанд, бомаром идома дорад.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ дар 12 рустои деҳоти Лангари Шоҳ ва Қалъаи Лаби Об 33 хона пурра ва 164 хона қисман вайрон шуда, ба 187 оилаи дигар зарари сабук расидааст.
Ба зарардидагони зилзила Ҳукумати мамлакат ёриҳои пайваста, аз қабили маводи хӯрданию сохтмонӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор, мерасонад. Дар баробари ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату кумитаҳо 33 хонаи истиқоматиеро, ки пурра вайрон гаштаанд, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ бо меъёрҳои сохтмонӣ сохта истодаанд. Ба 164 хонаи қисман вайроншуда маводи сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пурра дастрас гардида, хонаҳо бо тариқи ҳашар аз нав бунёд мешаванд.
Ба 187 оилае, ки зарари сабук дидаанд, Ҳукумати мамлакат ду маротиба маблағ ва хӯрок дастрас намуд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бошад, мувофиқи зарари дидаашон ба чунин оилаҳо ёрии моддию маънавӣ мерасонад.
МАҲМАДШОҲ ДАВЛАТЗОДА: “САНГВОР СИМОИ ШАҲРАК МЕГИРАД”
Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии ноҳия мавқеи хосро ишғол менамояд.
Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти ноҳия дар фаъолияти худ ба масъалаи тозагию озодагӣ ва бунёдкорӣ ҳамвора таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Ноҳияи баландкӯҳи Сангвор бо манзараҳои дилошӯбу табиати нотакрораш барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоид аст. Ҳамаррӯза даҳҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои сайру сайёҳат ба ноҳияи мо меоянд. Аз ин рӯ тозаю озода нигоҳ доштани маркази ноҳия ва сохтмони иншооти нав, аз ҷумла меҳмонхонаю ошхона ва марказҳои савдо хеле муҳиманд. Аз ин ҷост, ки бунёди 80 иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба нақша гирифта шудааст. Имсол барои сохтмони асосии ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 740000 сомонӣ ҷудо гардидааст.
ФАТҲУДДИН СОЛЕҲЗОДА: “МАҶМӮИ МОЛУ МАҲСУЛОТ БА 193,9 МИЛЛИОН СОМОНӢ ДАР НУРОБОД БАРОБАР ШУД”
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии ноҳияи Нуробод ба 193,9 миллион сомонӣ баробар гардид. Иҷрои қисми даромади буҷети ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба андозаи 105,1 фоиз иҷро гардида, қисми даромади буҷети маҳаллӣ 10 миллиону 643 ҳазору 558 сомониро ташкил дод, ки ин 128,2 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Фатҳуддин Солеҳзода, раиси ноҳияи Нуробод, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки 1411 соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 906 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 155 субъект тарқи патент, 99 субъект тариқи шаҳодатнома ва 251 субъект тариқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус дар ноҳия ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 145 субъекти фаъолияткунанда, аз ҷумла 15 хоҷагии деҳқонӣ, 97 субъект тариқи патент, 11 субъект тариқи шаҳодатнома ва 22 субъект тариқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус дар қиёси соли сипаришуда зиёд гардидааст.
– Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи 8,1 миллион сомонӣ қарзҳои хурд ва ба 5 соҳибкор барои фаъолияти соҳибкорӣ қитъаи замин дода шудааст, – изҳор дошт Ф. Солеҳзода.