Санаи 01 или соли 2025 дар доираи дастурҳо ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи меъмори ва сохтумони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфи дар доираи сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт аз рафти корҳои сохтмонӣ барои оилаҳои дар офати табиӣ – заминҷунбӣ зарардида бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо боздид намуданд.
Зимни боздид раиси Кумитаи меъмори ва сохтумони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар мӯҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастур ва маслиҳатҳои муфид дод.