Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба муносибати 28-умин солгарди ин саннаи таърихӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотии ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ баргузор мегарданд.
Саннаи 23 июни соли 2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Навдӣ бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни баромадаш тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Сипас, як қатор соҳибкорону фаъолони ҷамоати мазкуро аз ҷониби раиси ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳо хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.