Саннаи 21 июни соли 2025 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт чорабинии мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Ясман ва Ҳоит бо иштироки муовинони раиси ноҳия Идибегзода Саидбег Идибег ва Ҷононзода Маҳмадисо Юсуф бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
муовни раиси ноҳия зимни баромадаш тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Сипас, як қатор соҳибкорону фаъолони Ҷамоатҳои мазкуро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.