Бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаю, хиёбонҳо, назди ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон, дар ноҳия пайваста корҳои ободонию созандагӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Ин набат бо ибтикори раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ҳашари дастаҷамъона бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия баҳри ободии маҳал ва дар ин замина сабзу хуррам гардонидани як гӯшаи диёри ватани азизамон ташкил ва баргузор гардид.
Сабтҳои охирин
ЛАГЕРИ ИСТИРОҲАТИИ МАКТАББАЧАГОН ДАР ДАРАИ КАМАРОБ
Дар дараи Камароби ноҳяи Рашт лагери истироҳатӣ-фароғатӣ мактаббачагон ба фаъолият оғоз намуд. Дар кушодашавии лагери мазкур муовини раиси ноҳия муҳтарам Ҷононзода Маҳмадисо Юсуф иштирок намуда, мактаббачагонро барои оғоз гардидани лагер шодбош гуфт. Маврид зикр аст, ки дар лагер 150 нафар хонандагон дар се давр ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи […]
Маросими савгандёдкунии наваскарон
9 май соли 2023 дар ноҳияи Рашт аввалин наваскарони даъвати баҳорӣ қасами ҳарбӣ ёд карданд. Дар ин рӯз наваскарон дар ҳузури хешу табор, фармондеҳону ҳамкорон ва собиқадорон ба Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳузури фармондеҳон, падару модарон, меҳмонони даъватшуда сарбозон даст ба силоҳ бурданд ва савганди садоқат ба номи Ватан ёд карданд ва қавл […]
Дар Ҷамоатҳои деҳотии Ҷафр ва Қалъанаки ноҳияи Рашт озмуни ҷумҳуриявии “Хушдомани бехтарин” баргузор гардид

