Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА

 

 

   Тавре қаблан хабар дода будем, кишоварзони ноҳияи Рашт тасмим гирифтаанд, ки дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси ноҳияи Рашт Узви  Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо соҳаи кишоварзиро вусъат бахшида, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми шоиста гузоранд.

   Дар ин асно саннаи 14 июни соли 2025  раиси ноҳияи Рашт муҳтарам  Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти кишти картошка дар  Ҷамоати деҳоти Ҳоит дидан намуда,  ба кишоварзон суҳбат намуда ба онҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
  Итминони комил ҳаст, ки аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида кишоварзони ноҳияи Рашт майдони картошказорро вусъат бахшида, дар таъмин  амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас хоҳанд гузошт.