20 май Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бо оилаҳои аз заминларза зарардида мулоқот намуда, бо ҳолати манзилҳои истиқоматии онҳо шинос шуд.
Зимни вохӯрӣ Раиси Кумита иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳама ҳолат пуштибони сокинон мебошад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини зарардидагони зилзила бо маводи ғизоӣ, дастрасӣ ба хаймаҳои муваққатӣ, барқу гармӣ, табобати осебдидагон ва ҳалли дигар мушкилоти иҷтимоӣ бозгуи ин гуфтаҳост.
Ёдовар мешавем, ки зарардидагони ин офати табиӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, роҳҳои маҳаллӣ пурра барқарор карда шудаанд. Сокинони аз офати табиӣ зарардида бо хаймаҳо таъмин гардида, комиссияҳои корӣ ба онҳо мунтазам кумакҳои ғизоию моддӣ ва равонию тиббӣ мерасонанд.
Дар ин замина Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оилаҳои зарардида аз заминларза кумаки ғизоию моддӣ расонид, аз тарафи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо дар анҷоми вохурӣ таъкид карда шуд, ки вобаста ба ин масоил нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидаанд.