Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

САҲМИ МАН ДАР ОБОДИИ КИШВАР 

  Бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани кӯчаю, хиёбонҳо, назди ташкилоту муассисаҳои  ҳудуди ноҳия ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон, дар ноҳия пайваста корҳои ободонию созандагӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Ин набат бо ибтикори  раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ҳашари дастаҷамъона бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия баҳри ободии маҳал ва дар ин замина сабзу хуррам гардонидани як гӯшаи диёри ватани азизамон ташкил ва баргузор гардид.