Дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ятимону пирони барҷомонда яке аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, дар таърихи миллати мо анъанаи қадимӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати башардустонаи худ ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, аҳли хайру сахоро ба анҷом додани ин амалҳои инсондустона ҳамеша ҳидоят мекунанд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба ҳамаи хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳраки Навободи дар моҳи шарифи Рамазон сару либоси идона тақдим карда шуд.