Санаи 12 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт баргузор карда шуд.
Дар кори иҷлосия , роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотӣ ноҳия иштирок намуданд.
Иҷлосияи якуми (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ оғоз гардида, аз рўи масъалаҳои зерин баргузор гардид:
- Дар бораи тасдиќ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноњияи Рашт: (Ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот).
2. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани руӣхати вакилони интихобкунандаи Маҷлиси вакилони халқӣ ноҳия ба ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт, Ҷононзода М.Ю).
3. Дар бораи таъсиси «Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт, интихоби ҳайати онҳо ва тасдиқӣ Низомномаи Комисияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт. Масъаларо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод кардааст. (Ахбороти ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, Давлатов Ҷ)
4. Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт.(Ахбороти мудири шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт Бақоев С)
5. Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт.(Гузориши роҳбарии дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, Мирзоев Ҳ).
6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар баӣни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо Кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт Исоева Р).
Аз руйи масъала якум раиси комисияи ноҳиявии интихобот Мирзоев Ҳикматуло баромад намуда, баъдан маросими савгандёдкунии вакилон баргузор гардид.
Баъди муҳокима ва баррасии масъалаҳои иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт–раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои дар рўзномаи иҷлосия баррасигардида, изҳори назар намуданд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия аз масъулин ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъват ба амал оварданд, ки масъулияти вакилии худро бо дарки амиқи ватандӯстӣ ва эҳсоси баланди касбӣ дарк намуда, баҳри ободонию созандагӣ камари ҳиммат банданд. Инчунин, вобаста ба саривақт амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳар як хона кӯча, маҳала ва деҳа, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, масъалаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, омодаги ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, рафти кишту кори баҳорӣ, сохта ба истифода додани иншоотҳои тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, вусъат бахшидани раванди корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмара суханорнӣ намуданд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.