Санаи 14 феврали соли 2025 дар тарабхонаи “Руҳафзо” ноҳия бо иштироки ҷанговарони башардӯст, ба муносибати 36 – солагии бароварда шудани Қувваҳои маҳдуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Идизода Зарина раиси ноҳияи Рашт ҷанговарони башардӯстро самимона табрику таҳният гуфта, зикр кард, ки истиқлолияти комил ва рушди ҳар давлату миллат аз сулҳу ваҳдат ва оромӣ сарчашма мегирад.
Ҳамчунин, ӯ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин, хотирнишон кард, ки хизматҳои содиқонаи ҷанговарон дар сангарҳои мубориза баҳри адои қарзи башардӯстона дар давлати Афғонистон ва дигар кишварҳои собиқи шуравӣ, барқароркунии сохти конститутсионӣ ва таҳкими истиқлолият дар Тоҷикистон аз хотираҳо зудуда нахоҳанд шуд.
Дар фарҷом аз тарафи раиси ноҳияи Рашт ба даъватшудагон туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.