23-юми январи соли 2025 дар қасри фарҳанги ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ баргузор гардид.
Дар семинари омӯзишӣ раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Мирзоев Ҳикматуло, коршиносон аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба тариқи озод, шаффоф ва бо риояи қонунҳои амалкунанда гузаронидани интихоботи дарпешистодаро ба раисони ҳавзаҳо ва учаскаҳои интихоботӣ таъкид доштанд.
Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Рашт ҳама қитъаҳои овоздиҳӣ дар сатҳи даркорӣ омода буда, бо итминони комил метавон гуфт, ки интихоботи дар пешистода дар сатҳи баланди сиёси доир мегардад.