Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХӮРӢ РАИСИ НОҲИЯ БО  КОРМАНДОНИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ

    Санаи  06 январи соли 2025 вохӯрии раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо  бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия баргузор гардид.

Раис зимни  баромади хеш қайд намуданд, ки мақсад аз ҷамъомади имрӯза аз он иборат аст, ки  соҳаи тандурустӣ  яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, табибонро лозим аст, ки дар фаъолияти худ масъулияти бештарро эҳсос намоянд ва ба беморон хизмати содиқона намоянд.
Инчунин,  дар  ҷараёни вохӯрӣ  фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Чунин вох
ӯриҳои судманд бо аҳли фарҳанги ноҳия ва соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардиданд.