Ба ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин ҳамсар” сар то сари кишварамон доир гашта истодааст.
Озмуни мазкур дар доираи амалишавии “Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 пешбинӣ шудааст”.
Дар доираи ин иқдом дар қасри фарҳанги ноҳияи Рашт озмуни “Беҳтарин ҳунарманд” доир гашт.
Раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар озмуни мазкур баромад намуда, зикр кард, ки ҳадаф аз баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустию худшиносӣ ва зебопарстиву меҳнатдӯсти мусоидат менамояд…
Ғолибони даври ноҳиявӣ аз рӯи наминатсияҳои “Беҳтарин ҳамса” ва “Беҳтарин ҳунарманд” аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуда, барноми рангини консертӣ пешкаши иштирокчиёни чорабини гардонида шуд.