Дар арафаи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор иншоотҳои гуногун мавриди истифода дода шуда
Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Қалъанак деҳаи Ялдамич бинои китобхона, дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода деҳаи Яшм Бунгоҳи тибби ва дар Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат деҳаи Ваҳдат бинои таълими дар назди муассисаи таҳсилоти умуммии №80 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳияи Рашт, Идизода Зарина Фузайлшо, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Саидзода Мубориз ва мудири шуъбаи маориф ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкори муваффақро аз дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон арзёбӣ намуданд.