Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ

  Ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт таҳия гардида, чорабиниҳои сиёсӣ,  барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва  намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ҳар як ҷамоат, ҳунарҳои мардумӣ ва роҳпаймоии аҳли ҷамоатчигӣ доир  гардида  истодаандДар ҷараёни баргузории чорабиниҳои мазкур фаъолони касбу кори гуногун, ғолибони даври ноҳиявӣ ва минтақавии  озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «ИлмФурӯғи маърифат», «ТочикистонВатани азизи ман» ва волидайни онҳо аз тарафи раиси ноҳия қадрдонӣ карда мешавандЧунин чорабиниҳо алҳол дар Ҷамоати деҳоти Қалъанак   баргузор карда шуданд.