Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рашт кўмаки яквақтаина расонида шуд.
Кӯмакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи башардӯстона фиристода шуд, ба ҳар як оилаи зарардида аз тарафи масъулин саривақт дастрас карда шуд.
Мардуми аз офати табиӣ зарардида бори дигар эҳсос карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои мушкилтарин ҳамеша мададгору дастгирӣ онҳо мебошад.
Сокинони зарардидаи ноҳия аз офати табиӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳо, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимиашон изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.