Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони марказии ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм роҳпаймоии идона таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои милат” баргузор гардид.
Ҳамзамон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои ҷавонон дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ гардида, аз намоиши мазкур раиси ноҳияи Рашт, муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, намояндагони мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа дидан намуда, ба ҳунар ва истеъдоди ҷавонон баҳои баланд доданд.
Қисмати сиёсии чорабини бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида сипас раиси ноҳияи Рашт, Идизода Зарина Фузайлшо ҷавононро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир барои муҳайё намудани шароитҳои мусоид баҳри ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.
Ҳамзамон, аз ҷониби раиси ноҳия ба як қатор ҷавонони фаъол ва иштирокчии озмунҳо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи фарҳангиро пешкаши иштирокчиён намуданд.