Ба корҳои хайру савоб даст задани сокинони ноҳияи Рашт ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин як ҳашари оммавӣ аз ҳисоби маблағҳои маросимҳои азодорӣ рӯзҳои аввали моҳи майи соли 2024 дар деҳаи Ялдамич сурат гирифта истодааст, ки даҳҳо сокинони деҳа ба ҳашарҳои оммавӣ баромада, беш аз 3 км роҳҳои дохилии деҳаро бо қуму шағал сангфарш намуданд.
Беҳуда нагуфтаанд: ободии деҳаро аз роҳҳояш баҳо медиҳанд, Бо дарки ин мафҳум корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохили деҳа бо маром идома дошта, ронандагону сокинони деҳа аз чунин иқдоми хайрхоҳона ҷонибдорӣ менамоянд.
Дастгирӣ намудани чунин ташаббуси наҷиб барои дигар деҳаҳои ноҳия ва пайравӣ аз он намунаи ибрат маҳсуб меёбад.