Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МАШВАРАТ ИДРОКУ  ҲУШЁРӢ ДИҲАД…

Дар доираи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9- марти соли 2024 доир гардида буд, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини директори маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Кароматулло, сармутахассиси маркази болозикр Қурбоншоҳи Илҳом ва мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қаландаров Бурҳониддин рузи 24  апрел ба ноҳияи Рашт ташриф оварда, бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия вохурии судманд баргузор намуданд.
Асоси суҳбату вохӯриро амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динӣ, дастурҳои раҳнамусози Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии ятимону бепарасторон, риояи қатъии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзан» ва ҳидояти мардум ба роҳи  пурсаодати зиндагиро дар  бар мегирифт.