Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИҶЛОСИЯИ  БИСТУМ (ДАЪВАТИ ШАШУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РАШТ.

Санаи 6 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи бистум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.

Иҷлосияро  раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ №5  Идизода  Зарина  Фузайлшо раисӣ намуд.

Ба рўзномаи иҷлосияи бистум  (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
1. Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ноҳияи Рашт (Гузориши муовини раиси ноҳия Хушмаҳмадзода Ф.)
2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Рашт аз 03 марти соли 2022, №123 “Дар бораи Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт Шаидзода Р.П)
3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Гулханӣ №25 Султонова Тахмина Раҷабовна.
4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ҳайдарзода О).

Масъалаҳои мавриди назар аз ҷониби вакилон баррасӣ шуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.