Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХУРИИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО ФАЪОЛОНУ ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ НОҲИЯ РАШТ.

Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи  Рашт,  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода  бо мақсади татбиқи мулоқот ва дасту супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳия вохӯри доир нумуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода  тамоми нуктаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 уми марти соли ҷорӣ бо масъулини мақомоти маркази ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин доир гардида буд, ба саҳми иштирокчиён шарҳу тавзеҳ доданд.

Ҳамчунин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилот ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Товикистон”   ба масъулин  дастуру  супоришҳои мушахас доданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо  дар баромади худ меҳмони олиқадро барои ташриф ва вохӯрӣ доир намуданашон изҳори минатдори намуда, қайд карданд, ки воқеанҳам мардуми дурандешу худогоҳи ноҳияи Рашт заҳмату талошҳо, кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ намуда, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми Дастуру ҳидоятҳои Пешвои  муаззами  миллатро  чун ҳарвақта сармашқи худ намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар заҳмату талошҳо менамоянд.